Мо хонандагон, оилаҳо, кормандон ва шарикони ҳавзаи таълимии Филаделфияро (SDP) даъват менамоем, ки фикру мулоҳизаҳои худро оид ба тақвими таҳсили ду соли оянда (2027-28 ва 2028-29) баён намоянд.
Лутфан, ду лоиҳаи тақвимҳои соли 2027-28-ро аз назар гузаронед ва гӯед, ки кадоми онҳо ба Шумо бештар писанд меояд. Хотирнишон менамоем, ки инҳо танҳо лоиҳаҳо мебошанд. Ҷавобҳои Шумо ба саволҳои зерин ва бо дигар фикру мулоҳизаҳо барои тартиб додани тақвимҳои таҳсили солҳои 2027-28 ва 2028-29 якҷоя карда мешаванд.
Нусхаҳои ниҳоии тақвимҳо метавонанд аз ин намунаҳо фарқ кунанд. Фикру мулоҳизаҳои Шумо оид ба лоиҳаҳои тақвими солҳои 2027-28 ба мо дар банақшагирии соли таҳсили 2028-29 кумак мерасонанд.
Ҷавобҳои Шумо ба мо дар банақшагирии тақвими мактаби SDP кумак мерасонанд. Пурсишҳои қаблӣ ба
қарорҳои мо оид ба таътилҳои зимистона, баҳорӣ ва идона таъсир расониданд. Ҷавобҳоро ба пурсишҳои гузашта дар
сомонаи расмии SDP дидан мумкин аст.
Пур кардани пурсишнома тахминан 5-10 дақиқа вақтро дар бар мегирад.